ДУШАНБЕ, 20янв — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Толибон* кушта шудани чор нафареро, ки аз вулусволии Хоҳони Бадахшон ба Тоҷикистон ворид шуда буданд, тасдиқ кард, иттилоъ додааст хабаргузории “8 субҳ”.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, Толибон* эълон кардаанд, ки ин чор нафар бо қасди қочоқи маводи мухаддир аз марз гузашта, ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
“Онҳо аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шудаанд ва ҷасадҳои онҳо дирӯз ба марзбонони Толибон* супурда шудаанд", - хабар додааст ВКД Толибон*.
Ин афрод рӯзи якшанбе, 19 январ, дар минтақаи Тарко дар хоки Тоҷикистон ва рӯ ба рӯи қарияи Дарбандаки вулусволии Хоҳон кушта шудаанд.
Ҳамзамон Эҳсонуллоҳ Комгар, сухангӯи қумандони амния ва вилояти Бадахшон, гуфт ки се қочоқбари маводи мухаддир дар задухӯрд бо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шудаанд.
“Ин афрод, ки сокинони ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшон буданд, ду шаб пеш аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон кушта шуданд. Пас аз задухӯрди мусаллаҳона байни ҷонибҳо, ҳар се қочоқбар кушта шуданд”, - гуфт оқои Комгар.
То ҳол дар бораи намуд ва миқдори маводи мухаддир бо ин афрод маълумоти дақиқ мавҷуд нест ва тафтишот идома дорад.
Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва террористон, ки талоши убури марзро доштанд, муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
"Чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми "Хирманҷо", Отряди сарҳадии "Ёл", воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд.
"Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориши КДАМ ҶТ.
Бино ба иттилои КДАМ, аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур бо 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.