Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров аҳамияти Қримро барои Русия бо аҳамияти Гренландия барои ИМА муқоиса кард

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, аҳамияти Қрим барои амнияти Русия на бештар аз аҳмияти амниятии Гренландия барои Иёлоти Муттаҳида аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аҳамияти Қрим барои амнияти Русия нисбат ба Гренландия барои Иёлоти Муттаҳида муҳимтар аст.
Лавров дар нишасти матбуотӣ фаъолияти дипломатии Русияро дар соли 2025 ҷамъбаст кард.
Нишасти матбуотии вазир бо рӯзноманигорон 2 соату 44 дақиқа давом кард.
"Қрим барои амнияти Русия нисбат ба Гренландия барои Иёлоти Муттаҳида муҳимтар аст", - изҳор дошт ӯ.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Гренландия барои амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва қайд кард, ки роҳи бозгашт вуҷуд надорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Киев ва Ғарб бояд воқеиятҳои нави қаламравиро эътироф кунанд
Гренландия қисми Шоҳигарии Дания аст. Аммо, Трамп борҳо изҳор доштааст, ки ҷазира бояд қисми Иёлоти Муттаҳида шавад.
Мақомоти Дания ва Гренландия Вашингтонро аз тасарруфи ҷазира огоҳ карда, қайд кардаанд, ки онҳо эҳтиром ба тамомияти арзии онҳоро интизоранд.