Дар бахши сохтмон дар ҳудуди ИИАО кӣ пешсаф аст?

Таҳлилгарон суръати баландтаринро дар Қирғизисстон ба қайд гирифтанд - дар ин кишвар ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 32,7% зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)дар даҳ моҳи соли равон 4,3% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиёи хабар додааст.
Афзоиш дар ҳамаи кишварҳои иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон – 25,6%;
Белорус – 9,5%;
Қазоқистон – 14,7%;
Русия – 2,7%.
Таҳлилгарон сатҳи баландтаринро дар Қирғизистон қайд карданд, ки дар он ҷо афзоиш 32,7% буд.
Дар маҷмӯъ, тибқи омори моҳҳои январ-ноябри соли 2025 соҳаи сохтмонии ИИАО мунтазам рушд мекунад.
Сатҳи бекорӣ дар ИИАО коҳиш меёбад, аммо дар Тоҷикистон меафзояд: тафсилот
Қайд карда шудааст, ки дар шароити имрӯза бахши сохтмон, яке аз бозорҳои рушдёбанда ба назар мерасад, ки метавонад дар ояндаи наздик барои сармоягузорон ва пудратчиён ҷолиб бошад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.