Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон бештар шуд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ 13% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 теъдоди умумии бознишастаҳо дар Тоҷикистон ба 877 ҳазору 260 нафар баробар шудааст.
Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи нафақагирон то 1 январи соли 2025 836 ҳазору 690 нафарро ташкил медод ва афзоиши нафақагирон 40 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷудогардида ба нафақагирон дар моҳи январи соли 2025 411,8 млн сомонӣ ва дар моҳи январи соли 2026 464,8 млн сомониро ташкил додааст, яъне 13% афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории "Амонатбонк" пардохт карда мешаванд.
Нафақаи миёнаи меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз 645 сомонӣ дар соли 2025 ба 741 сомонӣӣ дар соли 2026 хоҳад расид.
Нафақаи миёнаи суғуртавӣ, ки соли гузашта 514 сомонӣ буд, соли равон ба 591 сомонӣ баробар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар.
Инчунин андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ, аз 359 сомонӣ дар соли 2025 ба 413 сомонӣ дар соли 2026 мерасад, афзуд манбаъ.
Афзоиши нафақа ва маош дар кишвар бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон сурат хоҳад гирифт.
Маошу нафақа ва стипендияҳо зиёд мешаванд: Раҳмон фармонро имзо кард
Ёдовар мешавем, ки сар аз 25 июни соли 2025 дар Тоҷикистон Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ба фаъолият шурӯъ кард.
Шаҳрвандон имкон доранд ба ин марказ тавассути рақами кутоҳи 3900 занг зада, ба суолҳои худ, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъмини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва ғайра посух гиранд.