Афзоиши содироти маҳсулоти кишварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ

Наздики 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Дар мум маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ афзудааст.
Соли 2025 аз Тоҷикистон 190,5 ҳаз. тонна маҳсулоти кишварзӣ содирот шудааст, ки ин назар ба соли 2024 13,5% зиёд мебошад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод маблағи содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,2 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 56,7 млн долларро ташкил медод.

“Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 13,5% (22,6 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7% (22,5 млн доллар) афзудааст, ки ин аз афзоиши сифат ва арзиши маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад” – иброз доштанд аз Вазорати кишоварзӣ.

Бояд гуфт 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст.
Инчунин аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки афзоиши содироти маҳсулот асосан дар якчанд бахш ба мушоҳида расидааст.
Хатлон ба Русия 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишвоарзӣ содирот кардааст
Чунончи содироти мева 50,6 ҳаз. тонна, нисбати ҳамин давраи гузашта 32,8% афзоиш ёфтааст. Ангур бошад назар ба соли қаблӣ 35,2% зиёдтар содирот гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта содироти ангур 20,8 ҳаз. тоннаро ташкил дод.
“Содироти меваи хушк ба 104,1 ҳаз. тонна (афзоиш 15,6%) ва чормағзмеваҳо ба 3,6 ҳаз. тонна (афзоиш 5,6%) расид. Содироти решаҳои коснӣ (сикория) бо афзоиши 2 баробар ба 3,9 ҳаз. тонна расид", – гуфтанд аз вазорат.
Ҳамчунин манбаъ қайд намуд, ки дар соли ҳисоботӣ, тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои муътамади ҷаҳонӣ нигаронида шуд.