ИМА сафири худро дар Тоҷикистон иваз мекунад: ҷузъиёт

Намояндаи ИМА Мануэл Микаллер, ки тобистони соли 2022 ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, рисолати дипломатии худро дар кишвар ба анҷом мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки сафири худро дар Тоҷикистон иваз кунад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
"Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, инчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд", - омадааст дар хабарнома.
Микаллер аз моҳи феврали соли 2023 дар Душанбе ҳамчун сафир кор кардааст. Ӯро президенти собиқи ИМА Ҷо Байден дар моҳи декабри соли 2022 ба ин вазифа таъин карда буд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар моҳи феврали соли 1992 барқарор шудаанд.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бар асоси 35 ҳуҷҷат, ки 22-тои онҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ мебошанд, сурат мегирад.
Миллиардҳо: Сафири Русия дурнамои афзоиши тиҷорат байни Русия ва Тоҷикистонро шарҳ дод
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, гардиши тиҷорати байни ду кишвар дар соли гузашта тақрибан 97,5 млн долларро ташкил дод. Ин рақам аз ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар ҳамин давраи соли 2024 1,6% камтар аст.