Дар Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз ёфт

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон неругоҳоии офтобӣ бо иқтидори 500 МВт сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии муқарраршудаи 500 МВт оғоз гардид.
Дар ин бора Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
Ин ниҳоди давлати қайд кардааст, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург марҳилаи навро дар рушди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия оғоз менамояд.
Қайд карда шудааст, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Аён Энерджи" созишнома ба имзо расид, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани ду неругоҳи офтобии фотоэлектрикиро дар бар мегирад.
- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт, вилояти Суғд;
- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун, вилояти Хатлон.
“Ин лоиҳа аввалин намунаи татбиқи неругоҳи офтобӣ бо чунин иқтидори бузург дар таърихи Тоҷикистон буда, равиши стратегии кишварро ҷиҳати диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва рушди энергетикаи "сабз" инъикос менамояд”, - зикр кардааст Кумита.
Ғизои сабз: Дар Панҷакент хӯроки чорво бо истифода аз панелҳои офтобӣ омода мешавад
Қайд карда шудааст, ки ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ ба коҳиш додани норасоии мавсимии неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон, паст намудани фишор ба низоми энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Мутобиқи шартҳои созишнома, сармоягузор ӯҳдадор аст корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотро то охири соли 2026 анҷом диҳад.