ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо роҳбарияти ширкати “Талко Голд” супориш дод, ки корхона бояд фаъолона дар корҳои ободониву созандагии ноҳияи Айнӣ иштирок намоянд.
Вай таъкид кард, ки “Талко Голд” аз ҷумлаи корхонаҳое маҳсуб мешавад, ки тайи чор сол дар фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Таъкид гардид, ки пешрафти соҳаи саноат ба рушди иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Масъулини корхона иброз доштанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ният доранд саҳми худро дар рушди соҳаи саноат бештар намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро марҳила ба марҳила афзун созанд.
Раиси вилоят аз корхона талаб кард, ки дар соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 2 миллиард сомонӣ расонанд ва саҳми худро дар корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам бештар намояд.
Масъулини “Талко Голд” дар ин дидор омодагии худро ҷиҳати саҳмгузории фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат баён доштанд.