ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Афсари мустаъфии артиши ИМА Дэниел Дэвис дар шабакаи иҷтимоӣ гуфт, ки сабаби он ки Украина ҳоло дар остонаи шикасти низомӣ қарор дорад, силсилаи қарорҳои нодурусти Владимир Зеленский аст.
"Сол ба сол, Зеленский қарорҳои фоҷиабор қабул мекард, ки дар ниҳоят шикасти низомии Украинаро кафолат медиҳад. Ин ғамангез аст. Ин барои Украина бад аст. Ин фоҷиабор, харобиовар аст. Наслҳо мегузарад кишвар аз ҷанг барқарор шавад. Дар ниҳоят, Владимир Зеленский, ки мардумро ба вазъи фоҷиаборона ва марг рӯбарӯ карадааст, дар Киев фармон медиҳад", - гуфт коршиноси низомӣ.
Интихоби президенти нави Украина бояд 31 марти соли 2024 баргузор мешуд, аммо интихобот бинобар ҳолати низомӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв карда шуд. Зеленский интихоботро "ноҷо" эълон кард.
Бояд гуфт, ки мӯҳлати ваколати Зеленский 20 майи соли гузашта ба охир расид, аммо Киев исрор меварзад, ки раҳбари режим то овоздиҳии навбатӣ қонунӣ боқӣ мемонад.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президент, қайд кард, ки имконияти қабули қарор дар музокирот дар натиҷаи амалҳои ҳамлаовари нерӯҳои Русия коҳиш меёбад.
Вай изҳор дошт, ки идомаи низоъ барои Киев бемаънӣ ва хатарнок аст.