ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Дар соли 2026 барои хизматрасонии қарзи беруна 4292,2 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, омадааст дар қонуни буҷа барои соли 2026.
Дар ин бора дар тавзеҳоти буҷаи соли 2026, ки аз сӯйи вазорати молия нашр гардидааст, гуфта шудаат.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки барои пардохти қарзи асосӣ 3336,2 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2025 ба маблағи 331,2 млн сомонӣ зиёд) ва фоизи истифодабарии қарз 955,9 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2025 ба маблағи 15,9 млн сомонӣ кам) равона мегардад.
Қайд гардидааст, ки ҳаҷми маблағи пешбинишуда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 315,3 млн сомонӣ ва ё 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон пардохти қарзи асосии берунаи давлатӣ дар ҳаҷми 1754,7 млн сомонӣ аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ, ки барои рушди онҳо таҳти кафолати давлатӣ маблағҳои қарзӣ ҷалб гардидаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби зиёд гардидани маблағи хизматрасонии қарзи берунаро ба аз худ намудани қарзҳои ҷалбнамуда аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ба итмом расидани муҳлати имтиёзнок ва оғози пардохти қарзи асосӣ, асосан пардохти қарзи асосии евробондҳо, инчунин фарқияти дурнамои қурби асъори миллӣ нисбат ба доллар рабт медиҳад.
Мақомот дар соли 2026 барои бардошти захиравии қарзи беруна барои идоракунии хавфи фарқияти қурби асъор ва хавфи пардохт нагардидани қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати кишвар ҷалбгардидаанд 46,7 млн сомонӣ пешбинӣ намудааст.