ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Украина ва Аврупо мехоҳанд ҳамаи роҳҳои гуфтушунидро барои ҳалли осоишта аз байн бубаранд.
Дар ин бора Родион Мирошник, сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия дар умури ҷиноятҳои режими Киев, ба хабаргузории РИА “Новости” изҳори назар кард.
"Нияти ҳам Аврупо ва ҳам Украина комилан нобуд кардани ҳама гуна роҳҳои гуфтушунид аст", - қайд кард вай.
Сафир инчунин таъкид кард, ки талаботҳои Русия дар музокирот дар Истанбул нодида гирифта шудаанд.
"Онҳо ҳафтаҳо тӯл кашида, ҷараёни иттилооти оммавиро пур аз пешниҳодҳои комилан номақбул эҷод карданд", - гуфт Мирошник.
Қаблан Доналд Трамп дар Флорида бо Владимир Зеленский мулоқоти дуҷониба баргузор кард. Мавзӯи мулоқот ҳалли низоъ дар Украина буд.
Пас аз музокирот, бо роҳбарони аврупоӣ барои баррасии кафолатҳои амниятии Киев гуфтугӯи маҷозӣ баргузор шуд.
Пеш аз мулоқот дар Флорида, Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин анҷом додааст.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хусусияти дӯстона, самимӣ ва тиҷоратии муколамаро қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро ооз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.