Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик арзонтар шуд

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2026" барои ҳар зоири тоҷик арзонтар шудааст.
Қимати Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик имсол 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба @Sputnik_Tajikistan.
Ин нисбат ба соли гузашта 3800 сомонӣ арзонтар аст. Маврид ба зикр аст, ки арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 56 ҳазору 800 сомониро ташкил медод.
Таъкид шуд, ки маблағи сафари тавассути “Ориёнбонк” бо роҳи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
“Қабули ҳуҷҷатҳо барои Ҳаҷҷ-2026 ба итмом расидааст. Соли ҷорӣ бар асоси талаботи Арабистони Саудӣ қабули ҳуҷҷатҳо дар кишварҳо барвақттар сар шуд”,- гуфт сухангӯи ин ниҳод.
Оқои Афшин ҳамзамон афзуд, ки Кумита аз ҳоло озмун барои дарёфти роҳбаладонро низ оғоз кардааст.
Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ки маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.
Оё ҳангоми ҳаҷ фавтидан савоб дорад?
Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.
Кумитаи дин аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гӯё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Ба иттилои Кумита, ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд. "Сафарбар намудани довталабон барои адои ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад".