ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Майкл Флинн, мушовири собиқи амнияти миллии президенти ИМА Доналд Трамп, ба РИА Новости гуфт, Владимиир Зеленский диктаторе мебошад, ки агар касе ба ақидаҳои ӯ дар Украина мувофиқ набошад, таъқибмешавад.
“Вай диктатор аст. Ӯ ҳолати низомиро ҷорӣ кард”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Флинн, Зеленский ҳар як шахсеро, ки дар Украина, аз ҷумла дар Рада (парлумон) изҳори назари мухолиф мекунад, дастгир мекунад.
"Агар шумо дар Рада бошед ва узви ҳизби мухолиф бошед, эҳтимолан шуморо боздошт мекунанд", - таъкид кард Флинн.
Дар моҳи феврал, президенти ИМА Доналд Трамп Зеленскийро "диктатори бе интихобот" номид ва иддао кард, ки аз ӯ дар кишвараш ҳамагӣ то 4% аҳолӣ пуштибонӣ мекунад. Дар аввали декабр, Трамп таъкид кард, ки интихоботи президентӣ дар Украина хеле пеш аз мӯҳлат баргузор шудааст.