Рустами Эмомалӣ сокинони Тоҷикистонро бо Соли Нав табрик кард

Раиси маҷлиси олии Тоҷикистон ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯзгори обод, саодату комёбӣ ва баракати зиндагиро орзу кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Раиси палатаи болии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ сокинони кишварро бо Соли Нав табрик гуфт.
Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ қайд кард, ки ҷумҳурӣ дар соли 2025 ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст.
“Соли 2025, бо вуҷуди печидагӣ ва номуътадилии равандҳои ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад”, - гуфт Рустам Эмомалӣ.
Вай гуфт дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ корҳои бунёдкориву созандагиро вусъати тоза бахшиданд, ки дар ин раванд саҳми сокинони ободпешаи пойтахт низ назаррас буд.
Раҳмон тоҷикистониҳоро бо Соли нави мелодии 2026 шодбош гуфт.
Рустами Эмомалӣ боварӣ дорад, ки сокинони кишвар дар соли нави 2026 низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббусҳои неку созанда ва меҳнати содиқона барои пешрафт, шукуфоӣ ва ободии кишвар камари ҳиммат баста, ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол мегиранд.
Вай бори бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, орзу кард, ки соли нав ба Тоҷикистон соли таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва пешрафту дастовардҳои бузург гардад.