Путин дар табрикоти солинавиаш чиро қайд кард? – видео

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин чун анъана шаб наздик ба фарорасии соли нави милоди мардуми Русияро табрик кард
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин мардуми Русияро дар паёми солинавӣ табрик кард.
Роҳбари Русия дар паёмаш қайд кард, ки бо дастовардҳои худ, мардуми Русия саҳифаҳои наверо дар таърихи ҳазорсолаи кишвар менависанд.
"Мо ба кор ва эҷод идома медиҳем, ба ҳадафҳои худ ноил мешавем ва танҳо ба пеш ҳаракат хоҳем кард. Ба хотири фарзандон ва наберагонамон, ба хотири Русияи бузургамон", - гуфт ӯ.
Раҳбари Русия ба ҳама шукуфоӣ, хушбахтӣ ва "муҳаббати илҳомбахш"-ро орзу намуда, таъкид кард, ки тамоми Русия як оила, қавӣ ва муттаҳид аст.
Раҳмон ҳамлаи паҳподӣ ба қароргоҳи Президенти Русияро маҳкум кард
Путин инчунин таъкид кард, ки иштирокчиёни амалиёти махсуси низомӣ масъулияти мубориза барои Ватанро ба дӯш гирифтаанд ва изҳор дошт, ки Русия ба сарбозони худ ва ба пирӯзии дарпешистода бовар дорад.
"Ман ҳамаи сарбозон ва фармондеҳони худро бо Соли Нави дарпешистода табрик мегӯям! Мо ба шумо ва пирӯзии шумо бовар дорем", - афзуд ӯ.
Паёми солинавии президенти Русия Владимир Путин анъанавӣ дар саросари кишвар шаби Соли нав пахш мешавад. Одатан, президент паёми худро аз Кремли Маскав ироа мекунад.