Дар дастаи футболи “Хуҷанд” сармураббии нав таъйин шуд: Милан Миланович кист?

Роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббӣ ва аз таъйин ба ин вазифа мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Милан Миланович сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сармураббии нави дастаи футболи “Хуҷанд” дидору гуфтугӯ кард.
Қайд карда шудааст, ки мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия Милан Миланович соҳиби муҷаввизи баландтарин дараҷаи мураббигӣ — “UEFA Pro” буда, дар кишварҳои Сербия, Руминия ва Қазоқистон фаъолият намудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи бозии даста, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишӣ, ҷалби бозигарони ботаҷриба ва тарбияи футболбозони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят ба сармураббии нав барои дар сатҳи баланд омода намудани даста ва таъмини иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дод.
Мақмоти вилоят зикр кардааст, ки ҷалби мутахассиси хориҷии дорои таҷрибаи ғанӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои дастаи футболи “Хуҷанд” ва рушди минбаъдаи футбол дар вилояти Суғд мусоидат хоҳад кард.
Черевченко аз мақоми сармураббии "Истиқлол" истеъфо дод: Чаро?
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" хабар дод, ки бо сармураббии тим, Александр Крестинин шартномаи ҳамкориро тамдид накардаанд.
“Дастаи футболи "Хуҷанд" ва сармураббӣ Александр Крестинин бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд”, - хабар додааст дафтари матбуоти ин даста
Муҳлати шартнома бо ин мутиахассис 30 ноябр ба поён расид.
Феълан даста дар зинаи 5-уми лигаи олии Тоҷикистон қарор дорад.
Инчунин ахиран раҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" хабар дод, ки ситоди мураббиёни бошгоҳ таҳти роҳбарии сармураббии даста Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаҳои ба охир расидаро тамдид накунанд.
Қайд карда шудааст, ки баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Тренерский штаб клуба "Истиклол"
Игорь Черевченко қаблан аз анҷоми муҳлати шартнома бо "Истиқлол" ва танаффус дар кори мураббигияш эълон кард.
Вай инро дар паёми видеоие, ки дар шабакаи иҷтимоии даста нашр шудааст, эълон кард.
Черевченко афзуд, ки ба далели дарди зону, ки ҷарроҳӣ ва то 3 - 4 моҳ барқарорсозӣ металабад, муддате аз фаъолияти мураббигӣ канор хоҳад буд.
Мураббӣ инчунин фаъолияти "Истиқлол"-ро ​​дар мавсими гузашта ҷамъбаст кард.
"Ман фикр мекунам, ки барои даста имсол хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва бозигарон кори хубе анҷом доданд. Мо Чемпионат ва Суперҷоми (Тоҷикистон)-ро ба даст овардем. Мо дар Лигаи Чемпионҳо дар даври 2-юм хуб бозӣ кардем. Ҳадаф аз гурӯҳ баромадан буд, аммо аз сабаби фарқияти голҳо ин кор анҷом наёфт. Ташаккур ба бачаҳо барои заҳматашон", - гуфт ӯ.
Мураббӣ солро барои тими Душанбе муваффақ медонаду дар оянда барои даста муваффақиятҳои бештар таманно кард.