ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Нақшаҳои мақомодорони Брюссел, ки давлатдории Украинаро воқеан хароб кардаанд, рушди Украинаро пешбинӣ намекунанд.
Дар ин бора сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар рафти вохӯрӣ бо хабарнигорон изщор дошт.
Ӯ гуфт, ки маблағгузории низомии Киев манфиатдории Иттиҳоди Аврупоро барои идомаи "куштор" нишон медиҳад.
Вай қайд кард, ки изҳороти ИА дар бораи зарурати ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина бо амалҳояшон мухолифанд.
Хусусан, маъмурияти ИА ба ҷои сармоягузорӣ ба нақшаи рушди иқтисоди Украина, сармоягузорӣ ба идомаи низоъи мусаллаҳонаро афзалтар медонад.
"Чунин ба назар мерасад, ки ҳамин Аврупои "равшанфикр", ки пайваста зарурати ҳалли осоиштаро эълон мекунад, ин 90 млрд евроро мегирад ва онҳоро ба нақшаи рушди иқтисодии Украина дохил мекунад. (...) Ин қисми нақшаҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун роҳбарияти олии бюрократияи Брюссел нест. Онҳо мехоҳанд, ки куштор давом ёбад", - гуфт Захарова.
Вай таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо, дар ҳоле ки аз режими Киев пуштибонӣ мекунад, ба авҷ гирифтани низоъ умед мебандад.
"Онҳо ба авҷ гирифтани танишҳо ва идомаи амалиёти ҷангӣ то кушта шудани охирин украинӣ умед мебанданд. Чаро? Зеро онҳо танҳо пул мехоҳанд", - таъкид кард сухангӯи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Қаблан, дар нишасти Брюссел, кишварҳои ИА розӣ шуданд, ки ба Украина аз буҷаҳои худ 90 млрд евро қарз диҳанд ва аз мусодираи дороиҳои Русия худдорӣ карданд.