Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад

Вазъияти экологии Эрон, Афғонистон ва Узбекистон аз ҷиҳати назариявӣ барои ҳамсояҳояшон хавфнок мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Хушксолии Осиёи Марказӣ метавонад боиси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон шавад.
Дар ин бора Саттор Саидов, раиси Маркази тағирёбии иқлим ва омӯзиши қабати озон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Коршинос як қатор офатҳои табииро, ки дар натиҷаи ҳаракати ғубор ба самти Тоҷикистон бар асари хушксолӣ дар Афғонистон, Эрон ва Узбекистон ба вуҷуд омада метавонанд, номбар кард.
Олим аз ҷумла қайд кард, ки захираҳои мавҷудаи об кам шуда метавонанд, зеро кам шудани сарчашма обёриро душвор мегардонад.
Бад шудани сифати ҳаво дар кишвар низ пешгӯӣ мешавад, ки боиси афзоиши бемориҳои роҳи нафас, бахусус дар шаҳру водиҳо мегардад.
Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки эрозияи бодӣ моддаҳои органикиро коҳиш дода, киштзорҳоро олуда мекунад, ки метавонад боиси аз даст додани ҳосилхезии хок дар Тоҷикистон шавад.
Мақомоти Тоҷикистон аз хатари ҳаракати пиряхҳо ҳушдор доданд
Гузашта аз ин, ба бовари мутахассис, ҳаракати ғубору ба таназзули экосистемаҳои кӯҳӣ ва чарогоҳҳо суръат бахшида, сарбории иқтисодии кишварро афзоиш медиҳад.
Хавфи оташсӯзӣ, ярч ва мушкилот бо нерӯи обӣ низ аз ҳисоби ҷараёни ноустувор афзоиш хоҳад ёфт.
Мутахассис таъкид кард, ки ҳамаи ин таъсиротро арзёбии хушксолии минтақавӣ ва гузоришҳои тӯфони қум/ғубор тасдиқ мекунанд.
Қаблан Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бо нашри гузорише эълом карда буд, ки хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ Тоҷикистонро аз 5 дарсади тавлидоти кишоварзӣ маҳрум мекунанд.
Гузашта аз ин, дар кишвар тӯфони чангу ғубор аз кишварҳои ҳамсоя бештар шуда, на танҳо ба соҳаи кишоварзӣ, балки ба саломатии мардум низ зиён мерасонад.