Вазорати энергетика гуфт то соли 2030 талабот ба неруи барқ 31% афзоиш меёбад

Вазорати энергетика гуфт зиёд шудани талабот ба барқ, пеш аз ҳама, ба рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, ва, зиёд гардидани шумораи аҳолӣ вобаста мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст, ки то соли 2030 талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар ба 25,6 млрд кВт соат баробар хоҳад шуд.
Ба иттилои вазорат ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 6,1 млрд кВт соат ё 31% афзоиш меёбад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки зиёд шудани талабот, пеш аз ҳама, ба рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, саноати коркард, афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва нақлиётҳои барқӣ вобаста мебошад.
Дар ҳамин ҳол, вазорат хабар додааст, ки дар даҳ моҳи соли равон талафоти неруи барқ дар кишвар нисбат ба соли гузашта дар сатҳи 3% коҳиш ёфтаааст.
Вазорат энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст
Вазорати энергетика инчунин масъалаи тағйирёбии иқлим ва камобӣ дар дарёҳоро низ шарҳ додааст.
“Дар шароити кунунӣ тағйирёбии иқлим ба яке аз хавфҳои ҷиддии рушди устувор дар соҳаи энергетика мубаддал гардида, зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати мутобиқшавӣ ба ин равандҳо, тақвияти инфрасохтори мавҷуда, инчунин беҳтар намудани идоракунии самараноки низоми энергетикӣ ба миён омадааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки зиёда аз 95 дарсади неруи барқ дар кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, ба инобат гирифтани хавфҳои иқлимӣ ва мутобиқсозии инфрасохтори энергетикӣ ба чунин тағйирот аҳамияти стратегӣ дорад.
Қайд гардидааст, ки сатҳи об дар дарёҳо ва обанборҳо коҳиш ёфта, вазъи таъмини барқ, хусусан дар давраҳои авҷи истеъмол мавсими тирамоҳу зимистон, душвортар шудааст.
Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд
Вазорат татбиқи чораҳои баланд бардоштани самаранокии захираҳои обӣ, истифодаи технологияҳои ҳисобкунии дақиқ, идоракунии сарфаи об дар обанборҳои неругоҳҳо, инчунин беҳтар намудани системаи огоҳкунии пешакӣ аз хавфҳои обию иқлимӣ аз авлавиятҳои соҳаи энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
“Бо назардошти эҳтиёҷоти рӯзафзуни энергетикӣ ва зарурати таъмини вазорати энергетика таъкид кардааст, ки дар сурати то 3% таъмин намудани сарфаҷӯйии неруи барқ имконияти сарфа намудани 3,6 млрд кВт·соат то соли 2030 пайдо мегардад, ки ин баробар ба ҳаҷми неруи солонаи барқи дар НБО-ҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" истеҳсолшаванда баробар мебошад”,- қайд кардааст вазорати энергетика.