Муштарии фолбину ҷодугар низ ҷазо мегирад: тағирот ба Кодекси Ҷиноятӣ

Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки бар асоси он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ҷазо таъйин мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд нафароне, ки назди фолбин ва ҷодугарҳо мераванд аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараҳ”.
Узви Маҷлиси миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода гуфтааст, ҳадафи тасвиби ин қонун “пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ” аст.
Ёдовар мешавем, ки тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи парлумони Тоҷикистон қабул шуда буд.
Акнун баъди имзои ин санад аз тарафи раисҷумҳур, қонун эътибори қонунӣ пайдо хоҳад кард.
Қаблан ҷазо барои худи фолбинҳо низ сахтар шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон бар зидди фолбин ва ҷодугарҳо муқовиматро пурзур кардааст.
Бозори ҷоду: аз ҳушдорҳои ВУД то шарҳи Шӯрои уламо дар бораи муолиҷаи нафари ҷодушуда
Ба сокинон борҳо ҳушдор дода шуд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз аз боздошти фолбину ҷодугар хабар медиҳад.
Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.