Черишев имкони баргузории бозии дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистонро арзёбӣ кард

Сармураббии Равшани Тоҷикистон андешаҳояшро дар бораи бозии эҳтимолии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон иброз дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Собиқ бозигари тими миллии Русия ва сармураббии феълии футболи "Равшан" Дмитрий Черишев бозии эҳтимолии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо Metaratings.ru изҳор дошт.
"Пешниҳоди баргузории бозии дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон танҳо аҷиб аст. Чаро не? Ман дар ин кор ягон бадие намебинам. Агар бозӣ дар Душанбе баргузор шавад, варзишгоҳ пур мешавад", - гуфт Черишев.
Мураббӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Русия бояд аз лиҳози футбол ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ кунад, зеро дар минтақа дастаҳои рақобатпазир зиёданд.
Сармураббиёни тими миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз кор озод шуданд: ФФТ сабабро гуфт
Дар соли 2025 мунтахаби Русия даҳ бозии дӯстона анҷом дода, дар шаш бозӣ пирӯз шуд, се бозӣ мусовӣ ва як бозиро бохт.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Русия ва бошгоҳҳои футболи Русия дар моҳи феврали соли 2022 дар пайи сар задани низоъ дар Украина аз ширкат дар мусобиқоти ФИФА ва УЕФА маҳрум шуда буданд.