Мулоқоти ғайрирасмии сарони ИДМ: пахши мустақим

Президенти Русия Владимир Путин нишасти анъанавии ғайрирасмии пеш аз Соли Нави сарони кишварҳои узви ИДМ-ро дар Санкт-Петербург баргузор мекунад.
Sputnik
Бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин, мулоқоти анъанавии солонаи ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки раҳбари Русия бо роҳбарони кишварҳо гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.
Имсол Тоҷикистон раёсати ин созмонро ба ӯҳда гирифт ва соли оянда Раёсат ба Туркманистон гузашта мешавад.
Афзоиши 2,2 дарсадии тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои ИДМ дар 9 моҳи соли 2025
Дар моҳи октябр, дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои ИДМ, Путин раҳбарони Иттиҳодро ба нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург даъват кард.
"Ман хеле хурсанд хоҳам шуд, ки шуморо дар Русия, чунон ки анъанаи мост, дар охири соли ҷорӣ, дар арафаи Соли Нав, барои мулоқоти ғайрирасмии худ дар Санкт-Петербург бубинам", - гуфт раҳбари Русия.
Соли навро дар Петербург ҷашн мегиранд: Раҳмон даъвати Путинро пазируфт
Путин аз соли 2017 инҷониб бо роҳбарони ИДМ мулоқотҳои анъанавии ғайрирасмии пеш аз Соли Навро баргузор мекунад. Аз соли 2018 инҷониб чунин чорабиниҳо дар Санкт-Петербург баргузор мешаванд.