“Тоҷикстандарт” 380 тонна маҳсулоти ғайристандартиро нобуд кард

“Тоҷикстандарт” аз сокинон даъват кардааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" аз аввали соли 2025 то инҷониб зиёда аз 380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд кардааст
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии "Тоҷикстандарт" хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти хӯроквории қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, обҳои ташнагишикан, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ мебошанд, ки барои нобуд кардан аз ҷониби соҳибкорон ба агентӣ супорида шудаанд.
Ҳамчунин маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили маҳсулоти сохтмонӣ, хокаҳои сохтмонӣ, ранг ва ғайраҳо нобуд карда шуд.
Агентӣ қайд кардааст, ки ҳадафи ин амал назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводи пастсифат ва зараррасоне аст, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад.
Ошкор шудани наздик ба 440 ҳазор тонна маводи ғизоии ғайристандартӣ дар кишвар
Қайд карда шудааст, ки кормандони нозироти савдои Агентии "Тоҷикстандарт" дар оянда раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро густариш хоҳанд дод.
Аз истеъмолкунандагон ва шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии "Тоҷикстандарт" муроҷиат кунанд.