Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон гуфт, кормандони идораи барқ дар бисёр ҳолат аҳолиро нодуруст аз истифодаи барқ қарздор мекарданд.
Раисҷумҳур гуфт, ки қаблан "Барқи тоҷик" гузориш медод, ки гӯё 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд.
Вай таъкид кард, ки баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100% пули барқро месупоранд.
"Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин интиқод кард, ки беш аз 100 ҳазор муштариёни барқ давоми 34 сол барқро истифода бурда, аммо ба қайд гирифта нашудаанд ва пули барқро намесупориданд.
Раҳмон ваъда дод то соли 2027 дигар маҳдудияти барқӣ намешавад
Дар ҳамин ҳол, президент бо вуҷуди интиқод нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд чӣ мешавад.
Вазорати энержӣ ва захираҳои об моҳи июли имсол эълон кард, ки қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст.