ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон эълон кард, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маошу нафақа зиёд карда мешавад.
“Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад
Раисҷумҳури кишвар гуфт, ки ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Инчунин кишвардори Тоҷикистон дар паёмаш таъкид кард, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ на кам аз 15% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Татбиқи ин тадбирҳо барои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандгардонии рушди касбӣ дар бахшҳои калидӣ пешбинӣ шудааст.
Раҳмон инчунин дастур дод, ки дар панҷ соли оянда дар Тоҷикистон 1,4 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.
Вай инчунин қайд кард, ки кишвар дорои потенсиали бойи захираҳои инсонӣ буда, суръати афзоиши солонаи он 2%-ро ташкил медиҳад. Имсол 200 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.