Камбоҷа мехоҳад бо кишварҳои ИИАО созишномаи тиҷоратӣ бандад

Ин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки боҷҳои гумрукиро барои молҳо кам кунанду, расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукиро содда гардонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек - Sputnik. Камбоҷа қасд дорад, ки бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишномаи пурраи тиҷоратӣ бандад.
Дар ин бора котиби давлатии Вазорати тиҷорати Камбоҷа Текрет Камранг дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Мо боварӣ дорем, ки гузариш аз ёддошт ба созишномаҳои пурраи тиҷоратӣ барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд. Ин заминаро барои густариши ҳамкорӣ дар оянда фароҳам меорад", - қайд кард Камранг.
Ба гуфтаи вай, чунин созишнома ба тарафҳо имкон медиҳад, ки дар бораи доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла тиҷорати хизматрасонӣ, кам кардани боҷҳои гумрукӣ барои молҳо, содда кардани расмиёти тиҷоратӣ ва ҳамкории гумрукӣ, гуфтушунид кунанд.
Котиби давлатӣ таъкид кард, ки Камбоҷа ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, бахусус Русия, арҷ мегузорад.
"Мо барои ҳамкории наздик омодаем ва ба самти шарикии ҳамаҷонибаи тиҷоратӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаракат мекунем", - афзуд ӯ.
Ин изҳорот дар ҳошияи конфронси Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи нақши тиҷорати хидматрасонӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ироа шудааст.
Айни замон, ду ҷониб танҳо бо ёддошти тафоҳуме, ки соли 2015 имзо шудааст, алоқаманданд. Камбоҷа бовар дорад, ки вақти он расидааст, ки ба пеш ҳаракат кунанд ва як созишномаи амиқтарро ба имзо расонанд, ки имкониятҳои навро барои ҳарду ҷониб фароҳам меорад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Беш аз 80% молҳои содиротии Русия ва Индонезия аз боҷи гумрукӣ пурра озод мешаванд
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.