ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ишқобод бо преизденти пешин ва кунунии Туркманистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Сардор Бердимуҳаммадов дидору мулоқот кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Ишқобод Эмомалӣ Раҳмонро раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва президенти пешин - Қурбонгулӣ Бердимухамедов пешвоз гирифт. Пасон кишвардори Тоҷикистон бо ҳамтои туркманаш мулоқот кард.
Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шудааст.
Раҳмон таъкид карда, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
"Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид", - омадааст дар хабарнома.
Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ таъкид гардид.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштаанд.
Зимни ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.