ДУШАНБЕ, 10 дек - Sputnik. Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Эрон бар омодагии ду тараф барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои дӯстона байни ду кишвари бародар таъкид шуд.
Ваҳид Ҷалолизода, муовини консулӣ, маҷлис ва умури эрониёни вазорати умури хориҷаи Эрон бо Сироҷддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Дар ҷараёни ин дидор, вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва консулӣ маврид гуфтугу табодули назар қарор гирифт.
Тарафайн ҳамчунин омодагии худро барои таъмиқи бештари ҳамкориҳои дӯстона байни ду кишвари бародар таъйид карданд.
Муовини консулӣ, маҷлису умури эрониёни вазорати умури хориҷаи Эрон ба манзури ширкат дар ҳафтумин нишаст камиссиюни муштараки консулӣ миёни Эрону Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар кардааст .