Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Фиристодаи вижаи Трамп: ИМА ба Украина сарбоз намефиристад

Якчанд расонаҳои хориҷӣ ин сенарияро ҳамчун роҳи фишор овардан ба Русия барои хотима додан ба низоъ арзёбӣ карданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ба Украина сарбоз намефиристад.
Инро фиристодаи вижаи президенти ИМА Кит Келлогг дар Форуми миллии дифоъи Роналд Рейган дар Калифорния изҳор дошт.
Маъмуриятҳои собиқ ва кунунии ИМА пайваста мавқеъеро нигоҳ медоштанд, ки ҳузури низомии ИМА дар Украина нахоҳад буд.
Президент Доналд Трамп, инчунин аъзои дастаи ӯ, инро борҳо изҳор доштаанд.
Келлогг дар посух ба суол дар бораи фишор овардан ба Русия барои хотима додан ба низоъ дар Украина гуфт: "Мо сарбоз намефиристем."
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан дар бораи ҷанги Аврупо бо Русия изҳороти тунд кард
Бо вуҷуди ин, ӯ чораҳои иқтисодиро, пеш аз ҳама бар зидди киштиҳои нафткаши Русия, ҳамчун воситаҳои дастрас барои чунин фишор қайд кард.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.