ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Киев мехоҳад то охири соли 2025 аз Аврупо тақрибан 1 миллиард еврои дигар барои хариди силоҳ аз ИМА гирад, менвисад Bloomberg бо истинод ба сафири Украина дар НАТО, Олена Гетманчук.
"Ба гуфтаи сафири ин кишвар дар НАТО, Украина интизор аст, ки то охири сол тақрибан 1 миллиард евро (1,2 миллиард доллари ИМА) маблағгузории иловагии аврупоӣ барои хариди силоҳи ИМА гирад", - гуфта манбаъ.
Гетманчук дар мусоҳиба бо Bloomberg илова кард, ки Киев аз муттаҳидонаш барои идомаи таъмини таҷҳизот дар доираи барномаи PURL хеле миннатдор хоҳад буд.
Ташаббуси "Рӯйхати афзалиятноки талаботҳои Украина" (PURL), ки аз ҷониби ИМА ва НАТО таҳия шудааст, кумаки мустақими низомии ИМА-ро ба Украина пешбинӣ намекунад. Баръакс, он иқдомеро дар бар мегирад, ки Аврупо бо пули худаш аз ИМА барои Киев силоҳ мехарад.