ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ба гуфтаи мақомоти кишвар имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.
“Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни истеҳсолу истеъмол дар мамлакат муваққатан маҳдудияти таъмини неруи барқ ҷорӣ карда шудааст”, - таъкид намуд Беҳруз Ҳасанзода муовини директори агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, ахиран ширкати “Барқи тоҷик” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сокинон дар телефонҳои мобилӣ паёмакҳо равон карданд, ва дар он аз аҳолӣ хостанд, ки дар як вақт аз 4 кВт бештар барқ истифода кунанд, вагарна интиқоли он ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад.
Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маҳдудият ба истифодабарандагони ҳисобгираки якфаза (220В) тааллуқ дошта, барои онҳое, ки ҳисобгираки сефаза (380В) доранд, дар як вақт аз 8 кВт бештар барқ гирифтан мумкин нест.
Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати қатъи барқ сокинон бояд дарҳол асбобҳои барқиро хомӯш карда, истеъмолро кам кунанд ва 30 дақиқа мунтазири барқароршавии барқ гарданд.
Мақомоти кишвар пайваста мегӯяд, ки камшавии резиши об дар дарёҳо, сабаби ин тасмим шудааст.
“Ин чораҳо муваққатӣ мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборҳо мусоидат менамояд”, - омадааст дар паёми мазкур.
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти қариб се моҳ аз шикояти сокинон, мақомоти Тоҷикистон чанд рӯз пеш онро эътироф карданд.
Имсол сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон “лимит”-и барқи шадид рӯба рӯ шуданд.
Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанду халос.