Варзишкорони Тоҷикистон аз хориҷа ба Ватан 1000 медал овардаанд

Давоми ду соли охир варзишкорони Тоҷикистон ба муваффақиятҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Варзишкорони тоҷик давоми солҳои 2024–2025 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал овардаанд.
Дар ин бора, дар паи ҷаласа аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.Дар ҷаласа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Зулфиқор Гулаҳмадзода ҳисоботи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи варзишро дар солҳои 2024–2025 пешниҳод намудааст.
Ҳамин тавр аз миёни 958 медал:
274 медали тилло,
268 нуқра,
406 биринҷӣ.
Дар натиҷа парчами давлатӣ 958 маротиба барафрохта шуда, 274 маротиба суруди миллӣ садо додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар ин давра мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, беш аз 8000 нафар варзишгарон аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат намуданд.
Гуфта шуд, ки дар самти рушди варзиши оммавӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 76 ҳазор чорабинии варзишию солимгардонӣ доир карда шуд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 6 млн нафар ширкат намуданд.
Дар соҳаи инфрасохтори варзишӣ бошад, танҳо дар ду соли охир 256 иншооти варзишӣ бо маблағи беш аз 130 млн сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Мадина Қурбонзода барандаи медали нуқраи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 шуд
Ҳамчунин Кумитаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагӣ ба Бозиҳои осиёии "Айчи–Нагоя 2026" ва Бозиҳои олимпии "Лос-Анжелес 2028" тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонад.
Бо ин мақсад гурӯҳи кории соҳавӣ таъсис дода шуда, 11 намуди олимпӣ ҳамчун намудҳои афзалиятнок муайян гардидаанд.