Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бо иштироки маҳдуд дар шаҳри Бишкек оғоз ёфт, ки дар он президент Владимир Путин иштирок дорад.
Чорабинӣ таҳти раёсати Қирғизистон оғоз ёфт. Дар он инчунин раҳбари Қирғизистон Содир Ҷапаров, раҳбари Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Беларус Александр Лукашенко ҳузур доранд.
Роҳбарон дар шакли васеъ музокирот хоҳанд кард. Онҳо кори СПАД-ро дар давраи байни ҷаласаҳо ҷамъбаст карда, масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
Путин самтҳои афзалиятноки раёсати Русияро дар ин созмон муайян хоҳад кард.
Президентҳо инчунин бастаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла эъломияи ниҳоӣ, ки равиши ягонаи кишварҳоро ба масъалаҳои калидӣ муайян мекунад, имзо хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 ноябр барои иштирок дар нишасти сарони СПАД озими шаҳри Бишкек шуд.