"Рисолати хайр": Пизишкони рус барои табобат ба Тоҷикистон омаданд - Видео

Табибони рус дар доираи барномаи байналмилалии "Рисолати хайр" ба Тоҷикистон омаданд
Sputnik
Чаҳор мутахассиси пешсаф аз Тотористон ва вилояти Свердловск дар клиникаҳои Душанбе ва Данғара ба кор шурӯъ карданд.
Ҳайати табибон аз ҷумлаи ҷарроҳи кӯдакон, онколог, эндокринолог ва духтури чашм мебошад.
Барномаи "Рисолати хайр" аз ҷониби Россотрудничество ва Ассотсиатсияи Добро.рф бо дастгирии Вазорати тандурустии Тотористон амалӣ карда мешавад.
Табибон дар Маркази ҷумҳуриявии онкологӣ, Маркази миллии тиббии Шифобахш ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба мардуми кишвар машварат медиҳанд.
Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамии тиббӣ роҳандозӣ мешавад
Аз соли 2021 инҷониб, "Рисолати хайр" дар 20 кишвар 52 миссия анҷом дода, ба зиёда аз 15 000 бемор кумак расонидааст.
Тафсилоти кори табибони русро дар Тоҷикистон дар видеои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.