ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мухлисони футбол бесаброна интизори омадани Криштиан Роналду, капитани дастаи футболи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, барои бозии оянда бо "Истиқлол" ба Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ин бора, Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии дастаи Душанбе, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт.
"Аммо то ба ҳол мо дақиқ намедонем, ки оё меояд ё хайр. Мо бо дастаи “Алнаср” дар тамос ҳастем, онҳо ҳам то ба ҳол як ҳарфи дақиқ нагуфтаанд", - гуфт Рустам Ҳакимов.
Ҳакимов ёдовар шуд, ки дар бозии қаблӣ, ки миёни тими “Истиқлол” – и Душанбе ва “Алнаср” – и Риёз баргузор шуда буд, ин ситораи футболи ҷаҳон ҳузур наёфт.
Масъули матбуотии тими “Истиқлол” мегӯяд, омадани Роналду ба Тоҷикистон, ки бори аввал иттифоқ хоҳад афтод, барои мухлисони футболи ҷумҳурӣ як ид хоҳад буд.
“Рӯзи 24 ноябр ҳайати “Алнаср” вориди Душанбе мешавад ва хоҳем дид, ки Роналду хоҳад омад ё не,” – гуфт Рустам Ҳакимов.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 ноябр дар варзишгоҳи “Ҳисор” – и шаҳри Ҳисор, 25 – километрии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон давраи панҷуми мусобиқоти Лига чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Алнаср”, яке аз тимҳои қавии Арабистони Саудӣ, баргузор мешавад.
Вижагии ин бозӣ дар он аст, ки дар тими саудӣ Криштиану Роналду, аз ситораҳои футболи ҷаҳон, бозӣ мекунад.
“Ал-Наср” дар гуруҳи “Д”-и мусобиқоти Лига чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё бо гирифтани 12 хол дар мақоми аввал, “Алзавраа”-и Бағдод (Ироқ) ва “Истиқлол” бо касби 6 хол мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” – и штати Гоаи Ҳиндустон бидуни ҳеҷ хол дар мақоми охир қарор доранд.
Дар бозии миёни “Истиқлол” ва “Алнаср”, ки 5 декабри соли 2023 баргузор шуда буд, Криштиану Роналду ширкат надошт. Сабабҳои ширкат накардани ӯро низ ҷонибҳо дақиқ нагуфтанд.