ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи 28-бандиро барои сулҳ дар Украина тасдиқ кард.
Дар ин бора, шабакаи NBC бо истинод ба як мақоми баландпояи Кохи Сафед хабар дод.
"Трамп аввали ин ҳафта нақшаи 28-бандиро барои сулҳ байни Русия ва Украина тасдиқ кард, ки дар тӯли чанд ҳафтаи охир аз ҷониби мақомоти баландпояи маъмурият бо машварати сафири Русия Кирилл Дмитриев ва мақомоти Украина оромона таҳия шудааст", - қайд кард шабака.
Axios қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон бо Маскав барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низои Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Нақша аз 28 банд иборат аст, аз ҷумла эътирофи Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия аз ҷониби Вашингтон, кам кардани кумаки низомии Амрико ба Киев, мақоми расмии Калисои православии каноникии Украина, эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украина ва кам кардани шумораи артиши Украина.
Бо вуҷуди ин, маълум нест, ки Киев ва шарикони аврупоии он ба ин нақша чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд.
Тибқи иттилои NBC, ин лоиҳа аз ҷониби фиристодаи махсуси ИМА Стив Уиткофф, ноиби президент Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер таҳия шудааст.
Тавре ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков қайд кард, аз замони мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, ки дар он ҷо ин масъаларо баррасӣ карданд, дар робита ба ҳалли сулҳ дар Украина ягон таҳаввулот ба амал наомадааст.