Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Террористон дар Афғонистон ба забони тоҷикӣ таблиғоти онлайн анҷом медиҳанд

Рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, арзиши паст ва дастрасии умумии онҳо ба шиддат гирифтани таблиғоти террористӣ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Филиали Афғонистонии ДОИШ, Вилояти Хуросон,(ки дар Русия мамнӯъ аст), бештар ба густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад.
Инро Евгений Сисоев, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии илмӣ ва амалӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, террористон "талошҳои ҳамлаварона барои ҷалби афрод, бахусу диаспораи Осиёи Марказӣ дар хориҷа" анҷом медиҳанд.
"Барои ин, онҳо таблиғоти фаъоли онлайнро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ ва чизе, ки қаблан нодида гирифта шуда буд, қазоқӣ роҳандозӣ кардаанд", - қайд кард мудири роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ.
Ба гуфтаи Сисоев, рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, дастрасӣ ба онҳо, ки ба террористон имкон медиҳад, ки аз шабакаҳо барои эҷоди конкенти ғайриқонунӣ истифода баранд, ин таблиғотро тақвият медиҳад.
"Ҳам хусусияти ошкорои таҳрикдиҳанда ва ҳам хусусияти пинҳони манипулятсия", - илова кард ӯ.
Ғайр аз ин, созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Ховари Миёна интиқоли ҷангиёнро ба Афғонистон афзоиш додаанд, идома дод ӯ.
Дар ин ҷо террористон ба густариши нуфузи худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунанд, - шарҳ дод ӯ.
Дидори ҳайати Тоҷикистон бо раиси вазирон ва раиси истихбороти Толибон*
"Ҳамзамон, мо афзоиши амалиёти интиқоли ҷангиёнро аз Ховари Миёна ба Афғонистон, ба шохаи афғонии ДОИШ, Вилояти Хуросон (ки дар Русия мамнӯъ аст), ки ба фаъолтарин сохтори террористӣ табдил ёфтааст, мушоҳида мекунем", - гуфт Сисоев.
Дар Тошканд рӯзи панҷшанбе конфронси байналмилалии илмӣ ва амалии дурӯза оид ба мубориза аайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) кушода шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони СММ, САҲА, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Интерпол ширкат доранд.