Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо ошкор карданд, ки ИМА аз Зеленский чӣ талаб дорад

WP: ИМА ба Зеленский фишор меорад, то нақшаи пешниҳодшуда барои Украинаро қабул кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида фишорро болои Владимир Зеленский афзоиш медиҳад, то нақшаи пешниҳодшудаи Вашингтонро барои ҳалли низои Украина, қабул кунад.
Дар ин бора, рӯзномаи Washington Post хабар медиҳад.
"Зеленский дар паи моҷарои бузурги коррупсионӣ, ки дар он якчанд шарикони наздикаш ширкат доштанд, заиф шудааст, ки дар якҷоягӣ бо суръати ҳамлаҳои низомии Русия, метавонад ӯро дар ҳолати ногувор гузорад, зеро мақомоти амрикоӣ ӯро барои қабули созишномаи хотима додан ба ҷанг, фишор меоранд", - омадааст дар мақола.
"10 ноябр Бюрои миллии мубориза алайҳи фасоди Украина, як амалиёти махсуси васеъмиқёсро барои ошкор кардани схемаҳои коррупсионӣ дар бахши энержӣ оғоз кард. Бюро ҳафт узви як созмони ҷиноӣ, аз ҷумла Тимур Миндич, шарики Зеленскийро айбдор кард. Герман Галушченко, шахсияти дар ин парванда буда, аз мақоми вазири адлия барканор карда шуд. Вазири пешини энержӣ Светлана Гринчук истеъфо дод.
Рӯзнома бар ин назар аст, ки моҷарое, ки дар Украина ба амал омадааст, метавонад раҳбари режими Киевро маҷбур кунад, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ё нақшаи сулҳеро қабул кунад, ки "аксарияти украиниҳо онро ғайриқобили қабул хоҳанд ёфт", - мегӯяд рӯзнома.
Рӯзнома эҳтимоли рафтани фиристодаи махсуси президенти ИМА, Кит Келлоггро аз маъмурият, зарбаи ҷиддӣ барои Киев номид.

Дар бораи созишномаи ИМА оид ба Украина чӣ маълум аст

Рӯзи пеш Axios хабар дод, ки Вашингтон бо Маскав "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад, то нақшаи нави сулҳро таҳия кунад, ки аз 28 нукта иборат аст ва ба чор категория тақсим мешавад: сулҳ дар Украина, кафолатҳо, амният дар Аврупо ва муносибатҳои ояндаи ҳарду ҷониб бо ИМА.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, он интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА эътирофи расмии Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия, қатъ кардани аксари хатти тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон, кам кардани кумаки низомии Амрико ба Киев ва шумораи артиши Украина, манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва силоҳҳое, ки қодиранд ба умқи Русия ҳамла кунанд, муқаррар кардани мақоми расмии Калисои Православии Украинаи канонӣ ва эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони давлатиро дар назар дорад.
Ба гуфтаи Reuters, ИМА ба Зеленский возеҳ гуфтааст, ки Киев бояд ин нақшаро қабул кунад. CBS хабар медиҳад, ки котиби артиши ИМА Даниел Дрисколл барои муҳокимаи он ба Украина рафтааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров сабаби ба таъхир афтодани мулоқоти Путин ва Трампро гуфт
Тавре ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков қайд кард, аз замони мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, ки дар он ҷо ин масъаларо баррасӣ карданд, дар робита ба ҳалли сулҳ дар Украина ягон таҳаввулот ба амал наомадааст.