ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар Душанбе дар либоси кории кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) камераҳои назоратӣ насб карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёт.
Таъкид шудааст, ки ин камераҳои назорати муошират ва ҳамкории нозиронро бо шаҳрвандон сабт хоҳад кард.
Барои ба қайд гирифтани амал ва ҳамкории кормандони БДА бо шаҳрвандон 24 адад камера (bodycam) ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супорида шуд.
Хабар дода шудааст, ки ба нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ тарзи истифода аз таҷҳизоти навро омӯзонида шудааст.
Ин камераҳо фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони БДА-ро сабт мекунанд, ки интизор меравад, ки эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардорад ва шаффофияти кори онҳоро беҳтар кунад.
Сабтҳои камера барои омӯзиш ва тафтишоти дохилӣ истифода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар Бзрасии давлатии автомобилӣ (БДА)таъкид кардаанд, ки ҳоло марҳилаи омӯзиш идома дорад ва кормандони бозрасӣ истифодаи назорати видеоиро аз худ мекунанд.