ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Мирҳод Саидӣ мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат аз амалкарди муваффақ мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону АвруОсиё хабар дод.
Вай гуфт, дар тӯли панҷ сол ва ним гузашта, содироти Эрон ба 5 кишвари АвруОсиё аз наздик ба 600 милюн доллар ба 2 миллиард доллар расид, яъне 3,3 баробар шуд.
Ин мақоми масъӯл, афзуд ҳаҷми кули тиҷорати Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё низ дар тӯли ин муддат аз ҳудуди ду ва ним миллиард доллар ба ҳудуди 6 миллиард доллар расидааст.
Ба гуфта Саидӣ, бо иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати озод, ки қаблан имзо шуда буд, дар шаш моҳаи аввали имсол, содироти Эрон ба ин иттиҳодияи 16% рушд доштааст.
Мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат, бо истинод ба омори созмони ҷаҳонии тиҷорат таъкид кард, ки беш аз нисфи содироти ҷаҳонӣ ба кишварҳое содир мешавад, ки бо ҳам паймон ё мувофиқатномаи тиҷорат озод доранд.
Вай афзуд, ки теъдоди ин мувофиқатномаҳо дар тӯли 30 соли гузашта аз 70 маврид ба беш аз 800 маврид дар ҷаҳони расида, ки нишондиҳанда асарбахшии онҳост.
Саидӣ дар поёни иброз умедворӣ кард, ки пайвастан ба паймонҳоӣ монанди БРИКС ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ дар оянда битавонад заминаҳои лозим барои тасҳили тиҷорату тавсеаи содироти Эрон бо ин кишварҳоро фароҳам кунад.