ДУШАНБЕ, 15 ноя - Sputnik. "Украина ыангро бохтааст", ва ИМА бояд фавран роҳи халосӣ аз ин вазъияти фоҷиаборро пайдо кунад ва ҳамаи қарорҳои дар замони президенти собиқ Ҷо Байден қабулшударо аз нав дида барояд.
Дар ин бора, мушовири президенти ИМА Доналд Трамп дар давраи аввали раёсаташ Майкл Флинн изщор дошт.
"Ҷанг дар Украина бохта шуд ва ИМА бояд ҳамаи қарорҳои дар замони маъмурияти Байден қабулшударо аз нав дида барояд. Ин як фалокат аст ва мо бояд фавран роҳи халосӣ барои ИМА-ро пайдо кунем", - навиштааст Флинн дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия ва намояндаи махсуси президент оид ба сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, дар шарҳи ин изҳорот гуфт, ки "ривоятҳои қалбакии Байден нобуд карда шудаанд".
Ин дар ҳолест, ки президенти ИМА Доналд Трамп ахиран дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дигар Украинаро маблағгузорӣ намекунад, балки барои таъмини силоҳ тавассути НАТО пул мегирад.
"Мо дигар пул сарф намекунем (барои Украина). Акнун мо тавассути НАТО пул кор мекунем ", - гуфт ӯ.
Сиёсатмадор изҳори назар кард, ки айни замон вазъият дар он кишвар дигар шуд ва ҳоло таҳдиди низои бузургмиқёс вуҷуд надорад.