ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа, оид ба масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби филиали "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар НТМ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ муҳокима сурат гирифтааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.
Таъкид гардидааст, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад.
"Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ реҷаи ҷоригардидаи маҳдудияти неруи барқ риоя намегардад. Аз ҷумла, аз баъзе иншооти муҳим, ки доимо бо неруи барқ таъминанд, ба деҳаҳои атроф хатҳои озод кашида шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки дар НТМ, ба ғайр аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ, инчунин дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бояд реҷаи ҷоригардидаи неруи барқ риоя гардад.
Ин дар ҳолест, ки то кунун расман дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон хабар ироа нашудааст.
Вале, сокинони навоҳии тобеи марказ ва ҳатто дар баъзе маврид бошандагони Душанбе низ, аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ мешавад.