ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Зимни маросим ба президенти Тоҷикистон сафирони нави Чин, Иттиҳоди Аврупо, Дания, Юнон, Эстония, Гурҷистон, Урдун, Буркина Фасо, Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Раҳбари кишвар таъкид дошт, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули "дарҳои кушода" ташкил медиҳад.
"Дар такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем", — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои зерин таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъин муроҷиат кард, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.