Ба овозаҳо бовар накунед: DC Бонк новобаста аз таҳрим бемамоният фаъолият дорад

Душанбе Сити Бонк паёми овозие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, гӯё бонк дар моҳи наздик, худро муфлис эълон мекунад, дурӯғ хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11ноя — Sputnik. Душанбе Сити Бонк аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна овозаҳо ё ба гуфтаи шахсони беалоқа бо бонк бовар накунед.
Бонк Таъкид кардааст, ки бехатарии ҳисобҳо, маблағҳо ва маълумотҳои шахсии муштариён пурра зери муҳофизати бонк қарор дорад.
“Идораҳо, банкомату терминалҳо, ҳамёни электронии DC Next ва кортҳои бонкӣ дастраси шумо мебошанд. Лутфан ба маълумот ва изҳороти шахсоне, ки ба бонк ягон алоқамандӣ надоранд, бовар накунед”, - қайдааст бонк.
Таъкид карда шудааст, ки Душанбе Сити Бонк пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои худро дар назди мизоҷонаш давом дода, ба ҳама талаботи Бонки Миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ахирант дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми овозие паҳн шуд, ки дар он гӯё ба сабаби таҳримҳои кишварҳи Ғарб бонк дар моҳи наздик, худро муфлис эълон мекунад. Дар ин паём зане аз ҳама хоҳиш мекунад, ки пулҳояшонро зуд аз ин бонк бигиранд.
Нигаронии Тоҷикистон аз таҳрим шудани бонкҳои кишвар аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо
Бояд гуфт, ки ттиҳоди Аврупо нисбати се бонки тиҷоратии Тоҷикистон, “Спитамен бонк”, “Душанбе ситӣ бонк” ва “Коммерсбонк” таҳрим ҷорӣ кард.
Дар пай эълони чунин таҳримҳо Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон вазъро мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои коҳиш додани паёмадҳои манфии ин таҳримҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳарчанд бонкҳои Тоҷикистон эъхлон кардаанд, ки ҳоло корашон мисли пештара идома дорад, дар сурати дароз идома ёфтани чунин таҳримҳо он метавонад ба низоми бонкии кишвар таъсири манфӣ расонад.