Юсуф Раҳмон бо президенти Ироқ баргардонидани тоҷиконро баррасӣ кард

Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар дидор бо раисҷумҳури Ироқ дар Бағдод тақвияту тавсеаи равобит ва ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталифро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Юсуф Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар Бағдод бо Абдуллатиф Рашид, раисҷумҳури Ироқ дидору гуфтугӯ кард.
Бар асоси баёнияи дафтари раёсатҷумҳурии Ироқ, раисҷумҳури Ироқ зимни мулоқот омодагии кишварашро барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон баён кард.
Вай гуфт Ироқ омодааст ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисодӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ тавсеа диҳад.
Вай баён кард, ки дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гоми муҳим дар чорчуби тақвияти равобити ду кишвар буд.
Раисҷумҳури Ироқ ишора кард, ки Ироқи пас аз шикасти ДОИШ*, ки амнияти минтақаро таҳдид мекард, дар амнияту сабот қарор дорад.
Вай бар аҳамияти ҳамоҳангии муштарак ва табодули таҷриба дар заминаҳои амниятӣ ва иттилоотӣ барои кумак ба эҷоди шабакае дар минтақа барои хизмат ба суботи он ва муқобила бо чолишҳои минтақаӣ ишора кард.
Ду тараф дар бораи парвандаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи Алҳул ва лузуми ҳамкории муштарак бо ҷомеъаи байналмилалӣ барои ҳамоҳангии талошҳои башардӯстона ва амниятӣ бо ҳадафи поёни ранҷи хониводаҳои муқим дар урдугоҳи Алҳул ройзанӣ карданд.
Эрону Ироқ омодаанд ба истеҳсолоти Хатлон сармоягузорӣ намоянд
Аз тарафи дигар Котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон зимни иблоғи саломи раисҷумҳури Тоҷикистону даъват аз рашид барои сафар ба ин кишвар, тамоюли кишвараш барои иртиқои сатҳи ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои табодули иттилооти амниятӣ ва ҳамоҳангии муштаракро эъломи нақши Ироқ дар ҳимоят аз амнияти минтақаро таҳсин кард.
Пеш аз ин низ мушовирони амнияти миллии Ироқу Тоҷикистон дар Бағдод бо якдигар дидор ва бар аҳамияти тадовуми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муштарак дар заминаи мубориза бо тероризм ва ифротгроиӣ, табодули таҷрибаҳо ва иттилоот таъкид карданд.
*-гурӯҳи террористии маманӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон