ЮНЕСКО солгарди Робияи Балхиро ба феҳристи бузургдоштҳо шомил кард

Шоири машҳури тоҷику форс Робияи Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форс буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст.
Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки эътирофи байналмилалии солгарди шоираи Сомониён саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
"Бояд қайд кард, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад", - омадааст дар хабарнома.
Қобили зикр аст, ки шоири машҳури тоҷику форс Робия Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форсӣ, ҳамзамони Рӯдакӣ буд, ки дар давраи Сомониён дар асри X зиндагӣ мекард.
Робия ҳам ба забони арабӣ ва ҳам форсӣ эҷод мекард.
Панҷакент расман "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" шинохта шуд
Ёдрас мешавем, ки пештар Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.
Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.