Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: Муколама бо ИМА идома дорад, аммо на он қадар босуръат, ки мо мехостем

Вазири корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки қатъи низоъ дар Украина бидуни ба назар гирифтани манфиатҳои Русия ғайриимкон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муколама байни Русия ва Иёлоти Муттаҳида оид ба масъалаҳои дуҷониба идома дорад, аммо на он қадар зуд, ки мо мехостем.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳор дошт.
"Дар муносибатҳои Русия ва Амрико омилҳои зиёде мавҷуданд; мо онҳоро аз маъмурияти қаблии ИМА мерос гирифтаем. Мо бояд роҳи дарозеро тай кунем, то ин бесарусомонӣ бартараф карда шавад. Бо омадани маъмурияти нав, мо омодагии аз нав оғоз кардани муколамаро эҳсос кардем. Ин идома дорад, аммо на он қадар зуд, ки мо мехостем", - гуфт Лавров.
Вазир ёдоварӣ кард, ки дар фасли баҳор ду даври машваратҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо як қатор созишномаҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии намояндагиҳои дипломатӣ ба даст оварда шуданд.
Дар мавриди низои Украина, Лавров изҳор дошт, ки ҳалли он бидуни бартараф кардани сабабҳои аслии он ва ба назар гирифтани манфиатҳои Русия ғайриимкон аст.
Дипломат инчунин таъкид кард, ки масъалаи соҳибихтиёрии Қрим барои Русия баста аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Русия умедвор аст, ки Трамп сулҳи пойдор дар Украинаро мехоҳад
"Дар мавриди Қрим ва Севастопол, сокинони нимҷазира ҳуқуқи худмуайянкунии худро дар раъйпурсии моҳи марти соли 2014 амалӣ карда, ба тарафдории муттаҳидшавӣ бо Русия овоз доданд", - қайд кард ӯ.
Нуқотид дигар аз изҳороти Лавров:
Мусодираи дороиҳои яхкардашудаи Русия Украинаро наҷот намедиҳад.
Маскав ба ҳар гуна кӯшиши дуздии амволи худ посухи муносиб хоҳад дод.
Роҳи қонунии мусодираи дороиҳои яхкардашудаи Русия вуҷуд надорад.
Аён аст, ки дар аврупоиҳо ғаризаҳои мустамликадорӣ ва роҳзанӣ бедор шудаанд.
Созишномаҳои Анкориҷ байни Русия ва ИМА натиҷаҳои раъйпурсиҳои солҳои 2014 ва 2022-ро зери суол намегузоранд.
Брюссел ва Лондон кӯшиш мекунанд, ки ИМА-ро водор кунанд, ки аз роҳи ҳалли дипломатии низои Русия ва Украина даст кашанд ва ба ҷои ин ба Русия фишори низомӣ оваранд.
Вазири корҳои хориҷии Русия инчунин омодагии худро барои мулоқоти шахсӣ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, муоширати мунтазам барои муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба ва Украина муҳим аст - сӯҳбатҳои телефонӣ идома доранд, аммо Лавров афзуд, ки ӯ инчунин барои мулоқоти шахсӣ низ омода аст.