ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" нияти худро барои харидани то 14 ҳавопаймои Boeing эълон кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар дод.
Ин бузургтарин фармоиш дар таърихи ширкат аст. Ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ ҳавопаймоҳои каммасрафи "Boeing” - 787 Dreamliner ва 737 MAX-ро интихоб кардааст.
Пас аз анҷоми ин созишнома, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои роҳандозии хатсайрҳои нави байналмилалӣ аз Душанбе то чор ҳавопаймои васеъфюзеляжи "Boeing 787-9” харидорӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ширкати ҳавопаймоӣ инчунин парки ҳавопаймоҳои худро бо харидани то 10 ҳавопаймои "Boeing 737-8” нав хоҳад кард.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти ширкат, ин имкониятҳои сафари ҳавоии кӯтоҳ ва миёнаи онро васеъ мекунад.
Қаблан эълон шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳоро ба Эрон ва Арабистони Саудӣ аз сар гирифтааст.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.
Парвозҳо дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ду маротиба дар як ҳафта рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе сурат мегиранд.