ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар сафар кард ва сипас бо даъвати Доналд Трамп ба ИМА меравад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар кард.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки баъд аз саммит раҳбари кишвар аз Давлати Қатар бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби "Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико" ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.