Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд

Моҳи октябр, дар минтақаи Тоҷикобод тӯдаи бузурги ях дар тӯли ҳамагӣ 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Тӯдаи бузурги ях аз пиряхи Деҳдал аз сабаби набудани боришот ва ҳарорати ғайримуқаррарии тобистона, об шуд.
Масъулони ҳавошиносӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ ҳаракати бесобиқаи пиряхи Деҳдали Тоҷикободро ба камборишӣ ва гармӣ дар ин минтақа рабт доданд.
Ин вазъият дар нишасти матбуотӣ бо номи "Ҳаракати пиряхи Деҳдал ва вазъи кунунии он", ки дар агентӣ баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Дар баробари ҳавошиносон, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ низ дар ин чорабинӣ иштирок карданд.
Олимон таъкид карданд, ки ин ҳафтумин ҳаракати пиряхҳо дар таърихи сабтшуда аст, аммо ҳодисаи кунунӣ бузургтарин ҳисобида мешавад, ки дар 15 дақиқа беш аз 5 км ҳаракат намуда, баландии он аз 35 то 40 метр паҳнои он бошад ба 400 метр баробар мебошад.
Пиряхи Якарчаи Тоҷикистон дар ҳоли таназзул қарор дорад
Ёдовар мешавем, ки 25 октябр дар Тоҷикобод як пораи бузурги пирях фурӯ рехт. Аз қаторкӯҳи Исмоили Сомонии деҳаи Сафедоб пораи дукилометрии пирях ба поён фаромадааст.
Пирях бо баландии 25 метр ва паҳнои 150-200 метр дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод хисороте ворид накардааст.
Аммо, мутахассисон мегӯянд бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад, афзуд КҲФ Тоҷикистон.